Талабот ба номзад:
· Маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
· Сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт) ва бахши молиявӣ-бонкӣ;
· Доштани малакаи барномасозӣ афзалият дода мешавад;
· Доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамо дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ, инчунин маҳорати баланди ибрози андеша тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ;
· Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ;
· Маҳорати кор дар компютер, донистани ҳатмии барномаҳои Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
· Донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) - ҳатмӣ, забони русӣ ва англисӣ – афзалият дорад.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 3 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
Дар сомонаи: OZMUN.NBT.TJ худро ба қайд гирифта, ҳуҷҷатҳоро замима намоед.
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1
Идораи кормандон, телефон барои маълумот: 600-32-11, 600-31-38
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо – то 28 сентябри с.2026
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11
Санаи охири кабули ҳуҷҷатҳо: 28.09.2026